Profile cover photo
Profile photo
Институт предпринимательства и сервис
5 followers -
Институт предпринимательства и сервис
Институт предпринимательства и сервис

5 followers
About
Институт предпринимательства и сервис's posts

Донотарин, зеботарин, беҳтарин

28-уми майи соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи донишкада бо ташаббуси Шурои бонувони донишкада ва Шурои бонувони факултети технологияҳои информатсионӣ, бахшида ба Соли оила озмуни «Донотарин, зеботарин, беҳтарин!» баргузор гардид.
Дар озмун донишҷўдухтарон аз 5 факултет ва литсейи донишкада атрофи масоили оила ва оиладорӣ, фарҳанги оила, ќоидаҳои рўзѓордорӣ, фарҳанги либос ва тайёр намудани таомҳои миллӣ маҳорати худро нишон доданд. 
Дар анҷоми чорабинӣ духтароне, ки аз рўи шартҳои озмун натиҷаҳои беҳтаринро соҳиб шуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ќадрдонӣ карда шуданд.




Умная, красивая, лучшая

28 мая текущего года в актовом зале института по инициативе Совета женщин и девушек института и факультета информационных технологий состоялся конкурс «Умная, красивая, лучшая!», посвященный Году семьи.  
В конкурсе приняли участие девушки из 5 факультетов и лицея института. Участницы конкурса продемонстрировали свои знания и навыки в области семейного хозяйствования, семейной этики, эстетики и национальной кухни.
В завершении мероприятия девушки, получившие высокие оценки по выполнению требований конкурса, были награждены памятными подарками. 

Post has attachment
   Раёсат, ҳайати илмӣ-омўзгорӣ ва донишҷўёни донишкада донишҷўи курси 1-уми ихтисоси молия ва қарз Бодомов Нуралишоро ҷиҳати иштирок дар чемпионати 5-уми варзишии Осиё дар шаҳри Ҳамадони Чумҳурии исломии Эрон ва  дарёфти ҷойи 3-юм дар вазни 72 кг, услуби «Аксайа»  самимона табрик намуда, барояш тансиҳатӣ ва бурдбориҳои навро таманно менамоянд.
Photo

Post has attachment
 Раёсат, ҳайати илмӣ-омўзгорӣ ва донишҷўёни донишкада донишҷўи курси 1-уми ихтисоси молия ва қарз Бодомов Нуралишоро ҷиҳати иштирок дар чемпионати 5-уми варзишии Осиё дар шаҳри Ҳамадони Ҷумҳурии исломии  Эрон ва  дарёфти ҷойи 3-юм дар вазни 72 кг, услуби «Аксайа»  самимона табрик намуда, барояш тансиҳатӣ ва бурдбориҳои навро таманно менамоянд.
Photo

Post has attachment
Таҷлил аз Рўзи оила дар донишкада

   Санаи 15-уми майи соли равон дар донишкада Рўзи оила бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Саҳни донишкада бо шиору овезаҳои марбут ба мавзуъҳои оила  ва намоиши маҳсули дасти донишҷўён оро дода шуд. Ибтидо устодону донишҷўён аз намоишгоҳ дидан карда, ба омодагии донишҷўён ба ин санаи муҳими фарҳангӣ баҳои баланд доданд.

 
   Тантанаҳо бахшида ба Рўзи оила дар толори маҷлисгоҳи донишкада идома ёфт. Муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент Низомов С.Ф. тантанаҳои идонаро оѓоз намуда, роҷеъ ба мақому манзалати оила дар ҷомеи навин, ҳифзи арзишҳои пешқадами оила дар шароити имрўза, таҳкими пояҳои устувории оила ва фаъолсозии оила дар тарбияи насли ҷавон ибрози андеша намуд.
   Сипас, раиси Шурои бонувони донишкада Шарипова Ф.Л. ба сухан баромада, атрофи масоили эълони Соли оила бо ибтикори Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва афзалиятҳои он дар таҳкими пояҳои оила, васеъ гардидани нуфузи оила дар пешбурди паҳлуҳои мухталифи ҳаёти чомеа ва амсоли ин ибрози андеша намуд.

   Дар раванди баргузории чорабинӣ инчунин мудири кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ, дотсент Ҳаитов Ф.Қ. ва директори литсеи донишкада Каримзода С. ба сухан баромада, ҳозиринро бо Рўзи оила самимона табрик намуданд.
   Гуруҳи ҳунарии «Соҳибкор»-и донишкада ҳангоми баргузории чорабинӣ бо суруду мусиқиҳои тару тоза хотири ҳозиринро шод намуданд.
PhotoPhotoPhotoPhotoPhoto
2015-06-02
6 Photos - View album

Post has attachment
Таҷлили Рўзи ҷавонон дар донишкада

    Санаи 23 майи соли равон бо ибтикори раёсати донишкада ва факултети баҳисобгирӣ-иқтисодии донишкада дар майдони варзишгоҳи муассиса чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори Рўзи ҷавонон баргузор шуд. Чорабиниро муовини ректори донишкада оид ба тарбия Ҷабборов Б.Б. оғоз намуда, кулли донишҷуёни донишкада ва хонандагони литсеи онро аз номи раёсати донишкада бо рўзи ин ид самимона табрик намуд. Номбурда қайд кард, ки ҷавонони фархангпешаи мо имрўз аз нерўи тавоно ва мутаҳаррики асосии пешбарандаи чомеа мебошанд.   Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас мешаванд, ки «…Ҷавонон ҳамчун давомдихандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрўзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд».  Аз ин ҷост, ки маҳз ҷавонон идомадиҳандаи кору пайкори садокатмандонаи гузаштагони мо буда метавонанд.

   Дар идомаи чорабинӣ директори литсеи донишкада Каримзода С. ба сухан баромада, кулли донишҷуёну хонандагони донишкадаро бо ин рўзи ид самимона муборакбод намуд.
   Дар чорабинии фароғатӣ ба муносибати Рўзи ҷавонон ҳунармандони хушсалиқа ва шинохта аз ансамбли «Фалак» - и   Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Олими Ҷумахон иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.   
PhotoPhotoPhotoPhoto
2015-06-02
4 Photos - View album

Post has attachment
Дурнамои рушди низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироии иқтисодӣ

 Санаи 22-юми майи 2015 сол дар донишкада Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Дурнамои рушди низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироии иқтисодӣ» доир гардид. Кори конфронс дар толори маҷлисгоҳи донишкада аз ҷаласаи пленарӣ шурўъ шуд.  Ҷаласаи пленариро ректори донишкад, профессор Қодиров Д.Б.  оғоз намуда, қайд кард, ки конфронс ба   масъалаҳои ниҳоят барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим, яъне рушди низоми молиявӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар кори ҷаласа олимону коршиносон ва муҳақиқони варзида ширкат доранд. Умед бар он дорем, ки маърўзаҳо   паҳлўҳои норўшани мушкилоти рушди низоми молиявиро дар шароити имрўзаи ҳамгироии иқтисодӣ матрах хоҳанд намуд.  

   Сипас, маърўзаҳои ҷаласаи пленарӣ аз ҷониби маърўзачиён-номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи  АИ ҶТ, директори Маркази таълимии ҶДММ «Агроинвестбонк» Шарипов Б.М.,  муовини раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Ким В.А., эксперт оид ба бахши молияи Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ Содиқов Ф.А., номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров С.З., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Нарзиев М.Ф. пешниҳоди ҳозирин гардид.

   Ёдрас мешавем, ки дар кори ҷаласаи пленарӣ сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмова Ш.Т. иштирок ва суханронӣ намуд.
   
Дар интиҳои ҷаласаи пленарӣ миёни иштирокдорон ва маърўзачиён мубоҳисаи доманадори илмӣ сурат гирифт.
   Нимаи дуюми рўз ҷаласаи бахшҳо дар толорҳои таълимии донишкада идома ёфтанд.
Поделиться…
PhotoPhotoPhotoPhotoPhoto
2015-06-02
5 Photos - View album

Post has attachment
 Дар замони муосир яке аз нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти муассисањои таҳсилоти олии касбӣ рушди гуногунҷабҳаи робитаҳои онҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Бо дарки ҳамин моҳияти масъала Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар ин самт   солҳои охир фаъолияти хеле густурда ба роҳ мондааст. Донишкада, бахусус дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо – Темпус, ки мақсади асосиаш, вобаста ба таҳаввулоти замон ворид намудани ислоҳот дар мазмуну муҳтавои таҳсилот ва сохтори макотиби таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад, ҳамкории зич ба роҳ мондааст.
​   Яке аз лоиҳаҳое, ки дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо – Темпус донишкада соли дуюм бомуваффақият фаъолият менамояд, лоиҳаи “Рушд ва такмили идоракунии донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ” буда,   пешбарандаи ин лоиҳа шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷии донишкада буда, вазифаи координатории онро сармутахассиси шуъба, дотсент Н.В. Ҳайбатов, ки маҳз бо ташаббуси ӯ донишкада ба ин лоиҳа пазируфта шудааст, ба уҳда дорад.  Дар лоиҳаи мазкур, ки то соли 2016 идома меёбад,  4 донишгоҳи Иттиҳоди Аврупо (Англия, Италия ва Испания), 11 донишкадаву донишгоҳњои минтақавӣ (Озарбойҷон, Украина, Тоҷикистон ва   Қирғизистон),  вазоратҳои маориф ва илми чор кишвари номбурда ба ҳайси шарикон иштирок менамоянд. Координатори кулли аврупоии  лоиҳа Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон ва координатори лоиҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Роҳбарии умумии тамоми лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо-Темпус, ки аз соли 2015 ба ҳайси Эрасмус+ муаррифӣ мешавад, аз ҷониби   Дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон  амалӣ мешавад.
   Вобаста ба мониторинги лоиҳа  аввали моҳи маи соли ҷорӣ намояндаи координатори аврупоии лоиҳа, сардори департементи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон, доктори илмҳои иқтисод, дотсент         Муслим Иброҳимов, координатори тоҷикистонии лоиҳа, сардори шуъбаи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент  Темур Каримов ба донишкада   расман ташриф оварданд.
   Сараввал меҳмононро ректори донишкада, профессор Диловар Қодиров ба ҳузур пазируфта, аз номи роҳбарияти донишкада   ба онҳо барори кор ва комёбиҳо таманно намуд. Профессор Қодиров инчунин омодагии донишкадаро барои ривоҷи минбаъдаи робитаҳои донишкада, на танҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи ИА - Темпус, балки дар доираи шарикони лоиҳа, бахусус байни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон изҳор намуда, ба комиссия дар гузаронидани мониторинги лоиҳа барори кор ва ба меҳмонон дар Тоҷикистон вақти хушу истироҳати гуворо таманно намуд.


  Дар рафти гузаронидани мониторинг маълум шуд, ки  дар доираи нақшаи кории лоиҳа дар  донишкада  корҳои зиёд гузаронида шудааст. Пеш аз ҳама, бо нашри ахборот дар сомонаи донишкада баъд аз анҷоми сафарҳои хориҷӣ ва чопи мақолаҳо дар матбуоти даврии    ҷумҳуриявӣ доираи васеи устодону донишҷуён ва ҳаводорони робитаҳои хориҷӣ аз мақсад ва мазмуну муҳтавои лоиҳа огоҳ гардиданд. Илова бар ин   сафари хориҷии устодони донишкада ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, Италия ва Испания ба фаҳмиш, дониш ва маҳорату малакаи онҳо дар самти дуруст ба роҳ мондани робитаҳои хориљии донишкада ба таври назаррас мусоидат намуд.  Маҳз ҳамаи ин имкон фароҳам овард, ки дар заминаи таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи кунунии идоракунии масоили байналмилалӣ дар донишгоҳҳои аъзои лоиҳа аз Озарбойҷон, Украина, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва дар асоси таҷрибаи макотиби олии кишварҳои пешрафтаи аъзои лоиҳа - Британия Кабир, Испания ва Италия сармутахассиси шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Н.В.Ҳайбатов як қатор ҳуҷҷатҳои барои рушди минбаъдаи робитаҳои хориҷии донишкада муҳимро, аз қабили:
1. Нақшаи стратегии байналмилаликунонии ДСХ барои солҳои 2015-2020;
2. Нақшаи байналмилаликунонии идораи робитаҳои хориҷии ДСХ;
3. Нақшаи ворид гардидани ДСХ ба рӯйхати рейтингкунонии байналмилалии донишкадаву донишгоҳҳоро таҳия намуда, барои баррасӣ  ва тасдиқ  ба Шӯрои олимони донишкада пешниҳод намуд.
  Матни ҳуҷҷатҳои зикргардида бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар маҷалаи “Соҳибкор”, инчунин дар шакли китобчаҳои алоҳида нашр карда шуданд, ки дар рушд ва такомули минбаъдаи робитаҳои хориҷии донишкада нақши муассир хоҳанд бозид.
   Хулоса, ҳам координатори аврупоӣ ва ҳам координатори тоҷикистонии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо-Темпус – “Рушд ва такмили идораи донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ” ба фаъолияти дастаи лоиҳаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат баҳои баланд дода, аз натичаҳои бадастоварда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 
   Дар рафти мониторинги лоиҳа муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Мирзохонов С.О., сардори шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Қодиров Ф.С., сардори шуъбаи таълим, дотсент Ҷабборов Ф.А., сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Раҷабов Б.Ҳ. ва сармутахассиси шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ, координатори лоиҳа аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дотсент Ҳайбатов Н.В. иштирок ва ибрози назар намуданд.
   Дар навбати худ координатори аврупоии лоиҳа, сардори департаменти робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон, доктори илмҳои иқтисод, дотсент    Муслим Иброҳимов хотиррасон намуд, ки мувофиқи нақшаи кории лоиҳа дар оянда бояд сохтори идораи робитаҳои хоричии ДСХ дар самти кор бо донишҷӯён, кор бо лоиҳаҳо, шартномаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба  ва дигар масъалаҳо васеътару пурмазмунтар гардонида шавад. Инчунин теъдоди кормандони робитаҳо, вобаста ба дигар шудани сохтор, зиёдтар карда шуда, вазифаҳои хизматии ҳар кадоми онҳо мушаххас гардонида шавад.
   Дар баробари гузаронидани мониторинг дотсент Муслим Иброҳимов доир ба рушди робитаҳо байни Донишкдаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо донишҷӯёни ихтисоси  “Иқтисодиёти ҷаҳон” дар мавзӯъҳои “Масоили мубрами иқтисодиёти ҷаҳон”, “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ” ва “Зинаҳои рушди касбӣ ва нақши забони англисӣ дар ҷаҳони муосир” машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ гузаронид.
  Меҳмонон инчунин аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди “Қалъаи Ҳисор”, “Осорхонаи Миллӣ” ва “Боғи Ирам” доир ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни бою қадимаи тоҷикон як ҷаҳон таассуроти нек бардошта, дар дафтари хотироти ин мавзеъҳо хотираҳои худро сабт намуданд.
          
Омодакунанда: Сармутахассиси шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ, координатори лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо-Темпус – “Рушд ва такмили идораи донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ” аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дотсент Н. В. Ҳайбатов.
PhotoPhotoPhotoPhotoPhoto
2015-06-02
6 Photos - View album

Post has attachment
Санаи 30 апрели соли 2015 дар толори шўрои олимони донишкада конфронси байналмилалии  илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Баҳисобгирии молиявӣ, идоракунӣ, таҳлил ва аудит: муаммоҳои татбиқ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ» доир гардид. Конфронс бо ибтикори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети баҳисобгирӣ-иқтисодии донишкада ва Донишгоҳи миллии техникии Лутски Украина баргузор шуд.
   Ҷаласаи пленарӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишкада, профессор Қодиров Д.Б. оғоз ёфт. Ректори донишкада қайд намуд, ки баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ марбут ба муаммоҳои татбиқи баҳисобгирии молиявӣ, идоракунӣ, таҳлил ва аудит тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар донишкада ба ҳукми анъана даромада, боиси ифтихор аст, ки  донишкадаи мо ба майдони баҳсҳои илмии вобаста ба проблемаи мазкур табдил ёфтааст. Имрўз низ, ин ҷо олимону коршиносони соҳа маҳз ба хотири андешаронӣ атрофи ҳамин масъала гирд омадаанд.
   Дар идомаи ҷаласаи пленарӣ сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмова Ш.Т. ба сухан баромада, аз номи раёсати вазорат ҳозиринро шодбош намуд ва ба кори конфронс муваффақият таманно намуд. ​​
   Дар ҷаласаи пленарӣ маърўзаҳои илмии олимону коршиносон- сардори Идораи методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров С.С., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Уроқов Д.У., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи баҳисобгирии молиявӣ, таҳлил ва аудити Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Каримов Б.Ҳ., номзади илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Шобеков М., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  Мирзоалиев А.Х. шунида шуд.
   Ҷаласаи пленарии кори конфронс бо баргузории андешарониҳо атрофи маърўзаҳои пешниҳодгардида анҷом ёфт.
PhotoPhotoPhotoPhotoPhoto
2015-05-11
12 Photos - View album

Post has attachment

Post has attachment
 Санаи 20 апрели соли равон бо ташаббуси раёсат, Шўрои бонувон ва шуъбаи тарбияи донишкада дар толори маҷлисгоҳи донишкада чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Оилаи солим-ҷомеаи солим»бо иштироки ҷамъи бонувони донишкада баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулозода Аҳтам Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Сараввал ректори донишкада, профессор Қодиров Д.Б. ба сухан баромада, ташрифи меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфт.   Боиси ифтихору қаноатмандист, ки  роҳбарони аввали  сохторҳои мухталифи идории  давлатӣ,  аз ҷумла, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста бо донишҷўёни донишкадаи мо мулоқотҳои арзишманду пурманфиат доир менамоянд.   Мулоқоти имрўзаи роҳбарони ин сохторҳо бо бонувони донишкада идомаи мантиқии ин силсилавохўриҳо мебошад, қайд намуд ректори донишкада  Қодиров Д.Б.
 

   Сипас,  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар ба сухан баромада, иброз дошт, ки сиёсати имрўзаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бо сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба он равона карда шудааст, ки мардуми кишвар дар фазои сулҳу оромӣ зиндагонӣ намуда, зиндагии осоишта дошта бошанд. Маҳз фазои сулҳу субот метавонад мардумро ба корҳои созандагию ободкорӣ раҳнамун созад. Номбурда дар идомаи суҳбат ёдрас шуд, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ибтидо мегирад. Ҳамин аст, ки  Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро “Соли оила” эълон доштанд. Имрўз  моро зарур аст, ки фарзандони солим тарбия намуда, ба воя расонем, зеро ҷомеа аз мо   насли солиму баркамолро интизор аст. Хидирзода Махфират Умар ҳамзамон  атрофи оқибатҳои ногувори никоҳи хешутаборӣ суханронӣ намуд. 
​   Дар идомаи чорабинӣ  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулозода Аҳтам Рустам ба сухан баромада, иброз дошт, ки насли ҷавон, бахусус ҷавондухтарон бояд пайваста пайи омўзиши илму дониш бошанд. Маҳз ҷавондухтарон дар бунёди муҳити ҷомеаи солим пешоҳанганд. Онҳо дар баробари қишрҳои дигари ҷомеа дар тамоми ҷабҳаҳо садоқатмандона кору фаъолият менамоянд. Пас, зарур аст, то ки онҳо имрўз тавассути омўзиши илму дониши замонавӣ роҳи ояндаи худро муайян созанд ва зиндагии ободу осоишта дошта бошанд.
   Баҳсу мунозираҳои судманд  миёни бонувони донишкада ва меҳмонони чорабинӣ хотирмон сурат гирифт.
PhotoPhotoPhotoPhotoPhoto
2015-04-27
7 Photos - View album
Wait while more posts are being loaded